Дар маҳаллаи Кумушкенти ноҳияи Оқдарё ташкилоти таълими томактабии рақами 18 фаъолияти худро оғоз кард

Дар маҳаллаи Кумушкенти ноҳияи Оқдарё ташкилоти таълими томактабии рақами 18 фаъолияти худро оғоз кард


Дар маросими ба истифодасупории ташкилоти таълими томактабии номбурда вакилони ҳокимияти ноҳия, муассисаҳои таълими томактабии ноҳия, мардуми маҳаллаи Кумушкент ва нурониён иштирок намуданд.
Ба ҷойи бинои кӯҳнаи ташкилот дар асоси барномаи инвеститсияи соли 2019 бинои нави дуошёна қад афрохт. Ба корҳои бунёдкорӣ ба миқдори 2 миллиарду 635 миллион сӯм маблағ сарф шудааст. Ошхона, толорҳои мусиқӣ ва варзиш, майдони бозиҳо бо ҷиҳозҳои замонавӣ таъмин гардид.
Бино барои таълиму тарбияи 100 нафар бачагон пешбинӣ шудааст. Дар муассиса фаъолияти маҳфилҳои забонҳои русӣ, англисӣ ва шоҳмоту шашка ба роҳ мода шудааст. Инчунин, тарбиятгарону ходимони дигари соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ