Коронавирус дар сартосари ҷаҳон 363 миллион нафар донишомӯзи мактабро ба таътили маҷбурӣ равона кард.
Ин додаҳоро кормандони дафтари ЮНЕСКО дар Париж эълон карданд.
Дар Париж нишасти вазирони таълими кишварҳои ҷаҳон баргузор шуд. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки 15 кишвар комилан ва 14 кишвар қисман дар мактабҳои худ таътил ҷорӣ кардааст. ЮНЕСКО дар чунин вазъият барномаи таълими масофавиро пешниҳод кард.
Дар иртибот ба ин, ЮНЕСКО дар сойти худ феҳристи сойтҳоеро, ки таълими онлайн дар онҳо роҳандозӣ шудааст, мунташир кард.
Манбаъ: kun.uz
