Фармони озодии “Толибон”-и асир ба имзо расид

Фармони озодии “Толибон”-и асир ба имзо расид

  • Post category:Ҷаҳон


Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон фармони озод кардани асирони ҷунбиши “Толибон”-ро имзо кард. дар ин бора хабаргузории Тулӯъ Нюз хабар додааст.
Сиддиқ Сиддиқӣ, намояндаи маркази матбуъотии Кохи раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҷузъиёти ин қарор фардо мунташир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки озодкунии аъзои Толибон аз зиндони ҳукумат яке аз бандҳои асосии тавофуқи ИМА ва Толибон буд. Рӯзи 29 феврал дар Дӯҳа, пойтахти Қатар аз сӯи ИМА ва Толибон тавофуқномаи сулҳ имзо шуд. Бар асоси он 5 ҳазор нафар узви Толибон бояд аз зиндонҳо озод гарданд. Ҳамчунин, Толибон ҳазор нафар асири худро озод хоҳад кард.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ