Ҳукумат баргузории ҷашнвораи сайёҳиро ба таъвиқ андохт

Ҳукумат баргузории ҷашнвораи сайёҳиро ба таъвиқ андохт


Ҳукумати кишвар бо таваҷҷӯҳ ба паҳншавии коронавирус баргузории ҷашнвораи “Ҳафтаи сайёҳии зиёратӣ”-ро ба замони номаълум ба таъвиқ андохт. Дар ин бора маркази матбуъотии кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон хабар дод.
Ин ҷашнвора бояд рӯзҳои 12-16 марти соли ҷорӣ баргузор мешуд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар сойти расмии худ замони дақиқи баргузории ҷашнвораро эълон хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, рӯзе пеш вазорати адлия эълон кард, ки Форуми байналмилалии ҳуқуқ ба далели паҳншавии коронавирус ба таъвиқ афтод.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ