ИМА ба муддати як моҳ дарҳои худро ба рӯи аврупоиҳо баст

ИМА ба муддати як моҳ дарҳои худро ба рӯи аврупоиҳо баст
  • Post category:Ҷаҳон


ИМА ба муддати як моҳ вурӯди шаҳрвандони кишварҳои Аврупоро ба кишвар ба ғайр аз Британияи Кабир мамнӯъ кард. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи гузашта дар паёми телевизионии худ ин хабарро эълон кард.
Трамп гуфт, “Мо бо ҳадафи пешгирӣ аз ворид шудани мубталоёни нав ба муддати 30 рӯз ҳамагуна вурӯд аз Аврупо ба ИМА-ро мутаваққиф мекунад. Қоидаҳои нав аз нимашаби ҷумъа ҷорӣ хоҳад шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудият ба Британияи Кабир ва шаҳрвандони амрикоӣ, ки қабл аз вурӯд аз сӯи шифокорон санҷида мешаванд, рабт надорад.
Трамп афзуд, ки эҳтимоли лағви маҳдудияти вурӯди шаҳрвандони Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба ИМА вуҷуд дорад. Чун, дар ин кишварҳо вазъият рӯ ба беҳбудӣ овардаат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ