Ҳунарпешаи машҳури ҷаҳон Том Хэнкс мубталои коронавирус шуд

Ҳунарпешаи машҳури ҷаҳон Том Хэнкс мубталои коронавирус шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Том Хэнкс, ҳунарпешаи машҳури Ҳолливуд ва ҳамсари ӯ мубталои COVID-19 шуданд. Дар ин бора ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Том Хэнкс гуфт, “Мо бо Рита дар Австралия ҳастем. Натиҷаи таҳлил нишон дод, ки мо мубталои коронавирус шудаем”.
Ёдовар мешавем, ки шумори беморони ин вирус дар Австралия ба 112 нафар расидааст. Аксарияти мубталоён – 60 нафар сокини иёлати Уэлси Ҷанубии Нав мебошанд.
Ҳукумати Австралия мехоҳад, ки барои аз байн бурдани коронавирус 2,4 миллиард доллар масраф кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ