Дар Самарқанд нишасти сарони нерӯҳои марзии ИДМ баргузор шуд


Дар Самарқанд 5-умин ҷаласаи минтақавии фармондеҳони нерӯҳои марзии кишварҳои узви ИДМ барпо шуд.
Дар нишаст намояндагони Руси, Қазоқистон ,Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва хадамоти ҳамоҳангсозии шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзии ИДМ ширкат карданд.
Дар ин мулқот вазъияти робитаи кишварҳои ИДМ бо Афғонистон ва гароишҳои дурнамои рушди он баррасӣ шуд. Тарафҳо ба хусус, дар бораи вазъи минтақаи марзи шимолии Афғонистон табодули афкор карданд.
Ҳамчунин, ширкаткунандагони ҷаласа ба афзоиши кӯшишҳои ворид кардани моддаҳои гиёҳвандӣ аз “роҳи шимолӣ” ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ карданд.
Дар раванди ҷаласа барномаи роҳҳои мубориза бо шахсони ҳамдаст бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароии байналмилалӣ дар минтақаи ИДМ таҳия шуд.
Рӯзи 16 апрел дар шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии фармондеҳони нерӯҳои марзии ИДМ баргузор мешавад. Дар он пешниҳодҳое, ки дар нишасти Самарқанд ба протокол сабт шуданд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ