COVID-19 дар ҷаҳон пандемия (бемории ҳамагири ҷаҳонӣ) унвон гардид

COVID-19 дар ҷаҳон пандемия (бемории ҳамагири ҷаҳонӣ) унвон гардид

  • Post category:Ҷаҳон


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ кишварҳоро ба огаҳ кардани аҳолӣ аз хавфҳои мавҷуда ва тарзҳои муҳофизат аз он даъват кард.
Созмони ҷаҳони тандурустӣ (СҶТ) эълом дошт, ки паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19-ро дар ҷаҳон “метавон ҳамчун пандемия (бемории ҳамагири ҷаҳонӣ) унвон кард”.
Тавре Медуза хабар медиҳад, роҳбари СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик Созмон афзоиши шумори беморон ва фавтидагонро интизор дорад.
Ӯ таъкид дошт, ки Созмон ҳамарӯза аз кишварҳо даъват мекунад, дар мубориза бо паҳншавии коронавирус аз тадбирҳои муассир кор гиранд.
Гебрейесус бар ин назар аст, ки давлатҳо бояд механизмҳои вокуниш ба ҳолати фавқулоддаро тақвият бахшида, аҳолиро аз хатарҳои мавҷуда ва тарзҳои муҳофизат аз он огоҳ кунанд, ҳамаи шахсони ба беморӣ гирифторшуда, инчунин нафаронеро, ки бо онҳо алоқа доштанд, аз дигарон ҷудо нигоҳ доранд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар 115 кишвари дунё беш аз 125 ҳазор ҳолатҳои сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Гебрейесус таъкид доштааст, ки беш аз 90% аз ин ҳолатҳо ба 4 кишвар рост меоянд, ки дар 2-тои онҳо камшавии назарраси шумори беморон ба мушоҳида мерасад.
Ба гуфтаи раиси СҶТ, намояндагони 81 давлат дар бораи сироятёбии шаҳрвандонашон изҳор надоштаанд. Боз дар 57 кишвари дигар доир ба камтар аз 10 нафар гирифторон ба ин беморӣ сухан меравад.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз сирояти коронавирус озод боқӣ мемонанд: дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Қазоқистон вирус ошкор нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ