Ҳимоятгари «Ювентус» Даниел Ругани гирифтори каронавирус шуд

Ҳимоятгари «Ювентус» Даниел Ругани гирифтори каронавирус шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Бино ба иттилои сомонаи бошгоҳи «Ювентус» дар пайи як санҷиш тести Даниел Ругани мусбат баромад ва гирифториашро ба каронавирус тасдиқ кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло масъулини бошгоҳ ҳаммаи он нафаронеро, ки бо Руганӣ наздикӣ кардаанд, месанҷад ва ӯ ҳоло аз даста ҷудо нигоҳдорӣ мешавад.
Тими «Ювентус» Руганиро соли 2015 аз дастаи «Эмполи» харидорӣ карда буд. Дар мавсими нав бозигар 7 бозӣ дар дастаи «Ювентус» ва 7 бозии дигар дар мунтахаби Италия гузаронидааст.
Рӯзи сешанбе нахуствазири Италия Ҷузеппе Конте барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус эълон кард, ки тамоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ба истисно баъзе мағозаҳо ва дорухонаҳо қатъ карда шавад ва дар саросари кишвар маҳдудиятҳои рафту омад ҷорӣ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ