Рӯзҳои 11-14-уми март дар машқгоҳи “Фахробод” тамринҳои муштараки зиддитеррористии Ӯзбекистону Тоҷикистон гузаронида мешавад


Ротаи баргузидаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ӯзбекистонро, ки рӯзи 10-уми март ба Тоҷикистон рафтанд, сокинони маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа дар марзи ду кишвар бо нону намак ва рақсу тарона пешвоз гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, низомиёни кишвар дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз 11 то 14-уми март дар машқгоҳи “Фахробод” ҷараён мегирад, иштирок мекунанд.
Дар ин тамринҳо таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо амалҳои муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ