Ба коргарон хӯрок ройгон аст

Ба коргарон хӯрок ройгон аст


Имрӯз аз ҷониби Нозироти назорат аз болои маҷмӯи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ноҳияи Пайариқ пресс -тур ташкил гардид. Кормандони нозирот, вакилони ҳокимияти ноҳияи Пайариқ, воситаҳои ахбори оммавӣ дар гармхонаи хусусии сокини маҳаллаи Аҳмад Яссавӣ Мирзоҳид Турсунқулов, гармхонаи усули гидротопоникии «NEST CONSTRUCTION» ва маҷмӯаи чорводории ба маҳсулоти шир ихтисосонидашудаи «Sutello» — маҳаллаи янги Ободи ноҳия шуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд. Ин ҷамъиятҳо бо маҳсулоти гуногуни деҳқонии худ дастархони аҳолиро сарпур мекунанд.

  • Маҷмӯаи мо тобистони соли 2017 таъсис ёфт. Имрӯзҳо беш аз 50 нафар кор мекунанд. Мо беш 100 сар говҳои «Голштейн», «Симментал» ва «Швид, 15 сар бузи бразилиро парвариш карда, аз шири онҳо кефир, қаймоқ, панир, сметана, ёгурт, творог барин маҳсулот мебарорем. Хӯроки коргарон бепул аст. Аз ҳар як сар гов ба ҳисоби миёна 30 — 33 литр меҷӯшем, — гуфт коргузори маҷмӯаи «Sutello» Алишер Абдусаидов.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ