Кор бо муроҷиати шаҳрвандон беҳтар мегардад


Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Талибарзуи поёни ноҳияи Самарқанд бо иштироки вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, фаъолон, зану духтарон ва ҷавонони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси маҳалла Санъат Баҳронов дар бораи ислоҳотҳое, ки дар сохтори маҳалла амалӣ мегарданд, васеъ гардидани доираи ӯҳдадориҳои ҷамоати шаҳрвандон, тамоилҳои асосии корбарии шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оила, пурзӯр кардани назорати ҷамоатӣ ва масъалаҳои дигар ҳарф зад.
Сипас, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов роҷеъ ба мазмуну моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои солимгардонии муҳити иҷтимоӣ-маънавӣ дар ҷамъият, дастгирӣ намудани институти маҳалла, ба зинаи нав баровардани сохтори кор бо оила ва зану духтарон”, инчунин, қарори Сарвари давлат “Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон”, пурзӯр гардидани эътибор бобати кор бо муроҷиати шаҳрвандон, корҳое, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маънавияти аҳолӣ иҷро мегарданд ва масъалаҳои дигар ҳарф зада, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуд.
Дар тадбир директори мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳия Муҳаррам Муродова ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар анҷом аз тарафи А.Маҳмудов ба иштирокдорон китобҳои “30 гуфтор аз 30 тор” ва “Субҳ ба хайр”, ки бо сарпарастии Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят чоп гардидаанд, тӯҳфа карда шуд.
Инчунин аз тарафи маҳалла ба як гурӯҳ фаъолон тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ