ТУҲФАИ “ОВОЗИ САМАРҚАНД” — “30 номаи рӯзнома”ном китоби нав аз нашр баромад

ТУҲФАИ “ОВОЗИ САМАРҚАНД” — “30 номаи рӯзнома”ном китоби нав аз нашр баромад

Ба қариби ба муносибати 30-солагии рӯзномаи ҷамоаи таҳририят ба мухлисони худ туҳфаи наверо армуғон намуд – Инак, китоби тозанашри «30 номаи рӯзнома», ки 30 мақолаи публитсистии солҳои мухталиф дар рӯзнома чопшударо дар бар гирифтааст, дар адади 500 нусха аз чоп баромад.
Баъди шинондан ҳар як ниҳол реша давонда, сабзу хуррам мегардад.

Бо гузашти солҳо шоху навда пайдо карда, сербору серҳосилтар мешавад. Ниҳоли бо орзуҳои зиёд парвардаи халқи мо-рӯзномаи “Овози Самарқанд” дарахти 30-сола шуд. Ба ҳамин муносибат аз ҳар як шохи ин дарахти пурбор яктои мева — мақоларо интихоб карда, дар шакли китоб чоп кардем.


Дар китоб мақолаҳои олиму адибон ва журналистони соҳибтаҷриба, чун Б.Ортиқзода, С.Саъдиев, Н. Остонзода, А.Усмонов, Х. Самеъбоев, Ф.Ғанизода, Н.Каримзода, Ғ.Маҳмудов, Б. Раҳмонов, З.Ҳасанзода,Т.Азимзода, Б.Ҷумъа, М.Камолӣ, Б. Маъруфӣ, О.Ҳамидзода, Ф.Фарҳодзод, Ф.Шукурзод, Ҷ.Обидов, К.Ҷӯразода, С.Раҳмонбердиева ва дигарҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Дар китоб мақолаҳое гирд оварда шуданд, ки дар бораи муаммоҳои мухталифи рӯзгор навишта шудаанд. Онҳо, бешак, чун оина комёбиву норасоиҳо, дарду ормонҳои ҳаёти халқро ифода намудаанд, ки арзишманду хонданибобанд.
Барои дастгирй ва сарпарастй ба шахси маърифатдӯст Беҳрӯз маъруфй миннатдории худро изҳор менамоем

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ