Рӯзҳои 14 — 15 март дар Ӯзбекистон ҳашари хайривӣ баргузор мешавад

Рӯзҳои 14 — 15 март дар Ӯзбекистон ҳашари хайривӣ баргузор мешавад


Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳадафи омодагӣ ба Наврӯз, таҳкими меҳру оқибат, зебосозиву ободии маҳалла ва маҳалли истиқомати мардум фармоиши махсус қабул кард.
Бар асоси ин фармоиш, рӯзҳои 14-15 марти соли ҷорӣ дар сартосари Ӯзбекистон ҳашари хайриявии мардумии зебосозӣ ва ободсозии “Кишвари обод” баргузор мешавад.
Ба ин муносибат ба кормандони вазорату идораҳо ва ниҳодҳо пешниҳод мешавад, ки бо ташаббуси худ ба ҳисоби Бунёди хайиявии ҷамоъатии “Маҳалла” дар бонкҳо маблағи ихтиёрии худро бигузоранд.
Бо маблағе, ки дар ҳашари хайриявӣ ҷамъоварӣ мешавад ба пиронсолони ниёзманд ба ҳимояи иҷтимоъӣ, ногироён, пиронсолони танҳо ва бознишастагон (нафақахӯрон) кумаки моддӣ ва маънавӣ дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ