Ӯзбекистон ба Эрон кумаки инсондӯстона мефиристад

Ӯзбекистон ба Эрон кумаки инсондӯстона мефиристад


Рӯзи гузашта, 12 март фармоиши Вазирони Девони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – “Дар бораи фиристодани кумаки инсондӯстона ба Ҷумҳурии исломии Эрон” қабул шуд.
Бар асоси ин фармоиш, барои пуштибонии ҳукумати Эрон дар мубориза бо паҳншавии коронавирус ба ин кишвар асбобу афзорҳои тиббӣ фиристода мешавад.

• дастпӯшакҳои тиббӣ;

• пӯшокҳои ҳимоявӣ;

• либосҳои махсуси тиббӣ;

• ниқобҳои тиббӣ;

• докаҳои тиббӣ;

• спирти тиббӣ;

• моеъи махсуси шустушӯӣ;

• доруи “Rutan”.

Кумаки инсондӯстона таҳти назорати муъовини вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон фиристода ешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон қабл аз ин ду бор ба Чин низ кумаки инсондӯстона фиристода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ