Роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии ИДМ дар Самарқанд мулоқот намуданд


Дар ҷаласаи панҷуми минтақавии роҳбарони мақомоти сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ҳайатҳои панҷ мақомоти сарҳадии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил: Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия, инчунин Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъият дар сарҳадоти кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон ва тамоюли рушди он дар ояндаи наздик мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, дар бораи вазъият дар минтақаҳои шимолии Афғонистон мубодилаи афкор карда шуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиён ба зиёд намудани миқёси истеҳсоли маводи мухаддир, ки зери назорати ҷангҷӯён аст ва кӯшиши интиқоли он аз сарҳади берунии давлатҳои аъзои ИДМ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва минбаъд тавассути «роҳи шимолӣ» равона карда шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисон чораҳои мубориза бо вуруди шахсоне, ки ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ мансубанд, ба қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ таҳия гардиданд.
Баъди мулоқот Протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он 16-уми апрели соли 2020 дар Ереван дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ