Пагоҳ вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меравад

Пагоҳ вазири мудофиаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меравад

  • Post category:Ҷаҳон


Вазири мудофиаи кишвар Баҳодур Қурбонов рӯзи 14-уми март бо сафари якрӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меравад.
Дар доираи ин сафар боздиди Баҳодур Қурбонов аз машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ки дар он ҷо тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ҷараён доранд, дар назар аст.
Пешвози сарбозону афсарони ӯзбек дар Тоҷикистон
Вазирони мудофиаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба иштирокдорони фаъоли тамринҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ тақдим хоҳанд кард.
Зимни мулоқоти дуҷонибаи Баҳодур Қурбонов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ баррасӣ мешаванд.
Дар тамринҳои муштараки низомиёни Ӯзбекистону Тоҷикистон амалиёти муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ