Дар муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон факултаи нав ташкил мегардад

Дар муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон факултаи нав ташкил мегардад
  • Post category:Фарҳанг


Дар муассисаҳои таълими олӣ факултаҳои экологӣ ташкил мегардад. Дар ин бора Президенти мамлакат дар ҷамъомаде, ки аз рӯйи масъалаҳои такмили тартиби ҳифзи муҳити атроф ва идораи партовҳодоир гардид, гуфта гузашт. Дар ҷамъомад масъалаҳои дар ҷараёни истеҳсолот ба меъёрҳои экологӣ риоя намудан таҳлил карда шуд. Дар соҳа норасоии мутахассисони бомалака танқид гардида, корҳои илмию тадқиқотӣ, дар ягон муассисаи таълими олӣ набудани факултаи махсус аз рӯйи экология нишон дода шуд. Ба тадқиқотҳо ҷудо шудани грантҳо, зиёд намудани малакаи ходимони илмӣ, муҳим будани ба соҳа ҷалб сохтани технология ва ғояҳои инноватсионӣ таъкид гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ