Дар Қирғизистон аз сабаби паҳншавии коронавирус баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ бекор карда шуд


Мақомоти Қирғизистон эълон намудааст, ки ба далели паҳншавии коронавирус баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар ин лағв карда мешавад
Мақомоти Қирғизистон эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз густариши бемории коронавирус ҷашнҳои наврӯзи дар ин кишвар лағв карда мешавад, иттилоъ додааст АКИ Пресс.
Алтинай Омарбекова, муовини нахуствазири Қирғизистон гузориш додааст, ки ҷашнҳои Наврӯзи имсол барои нахустин бор баъд аз 19 сол аз истиқлоли кишвар ва озод шудани баргузории ин ҷашнҳои бостонӣ (эронӣ), ба далели густариши бемории маргбори корона ба таври муваққат дар ин кишвар таътил мешавад.
Вай ҳамчунин чанд рӯз қабл баргузории ҳама таҷаммӯот ва рӯйдодҳои фарҳангӣ, варзишии ин кишвар, ки қарор буд тайи чанд рӯз дар Бишкек баргузор шавадро низ ба сабаби ҳамагирии ин беморӣ бавижа дар таҷаммӯот лағв карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ