Ҳазориспанд давои каронавирус. Магар ин рост аст?

Ҳазориспанд давои каронавирус. Магар ин рост аст?

  • Post category:Саломатӣ


Эпидемиологи машҳури Русия Михаил Фаворов, ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт. Дар ин бора портали «Спудник» хабар медиҳад.
Манбаъ хабар медиҳад, ки эпидемиологи зимни баромади худ аз Абӯали ибни Сино мисол оварда гуфт, ки замоне маҳз бо маслиҳати ӯ тамоми ҳуҷраҳои биноҳои истиқоматӣ ва корӣ барои рафъи ҳамагуна вирус бо ҳазориспанд дуд карда мешуданд. Тавре худи Фаваров қайд мекунад:
«Феълан як қатор кишварҳо аз даҳшати коронавирус дар канор мондаанд. Мо бисёр мулоҳиза кардем, то омили асосии зуҳур накардани ин маризиро пайдо кунем. Шояд ҳавои хушк, иқлими мусоид ва ё маҳз ҳазориспанд сабабгори роҳ наёфтани маризии коронавирус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад».
Номбурда зикр намуд, ки феълан дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ ин маризӣ зуҳур накардааст.
Ёдрас мешавем, коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ