Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул барои мубориза бо коронавирус 5 миллиард доллар дархост кард

Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул барои мубориза бо коронавирус 5 миллиард доллар дархост кард

  • Post category:Ҷаҳон


Раиси кулли Бонки марказии Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул барои муқобила бо коронавирус дар Эрон 5 миллиард доллар дархост кардааст.
Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи байналамилалии пул, ахиран дар баёнияе аз кӯмаки молии изтирории ин сандуқ ба мизони 50 миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои даргир бо густариши вируси корона хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон рӯзи панҷшанбе бо ишора ба густариши густурдаи вируси корона дар ҷаҳон эълом кард, Бонки марказии Эрон дар номае ба раиси Сандуқи байналмилалии пул, хостори истифода аз ҳаққи Теҳрон барои баҳрамандӣ аз тарҳи 50 миллиарддолларии тасҳилоти ин сандуқ барои пешгирӣ, дармон ва муқобила бо осори иқтисодии вируси корона шудааст.
Ҳимматӣ ёдовар шуд, вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул метавонад меъёри хубе, барои арзёбии иддаоҳои онҳо дар кумак ба контроли ин вирус ва коҳиши дарди мардуми осебдида бошад.
Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, Сандуқи байналмилалии пул ба ин масъулияти худ дар ҳавзаи вазоифаш ба суръат амал кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ