Мактаби кулолии Самарқанд

Мактаби кулолии Самарқанд
  • Post category:Маориф



Дар кишвар ба дастгрии ҳамаҷонибаи ҳунармандии миллӣ эътибори калон дода мешавад. Ба қабули қарори Президент аз 28-уми ноябри соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон», ки бо мақсади ривоҷдиҳии ҳунармандии миллӣ, санъати амалии халқӣ, тавассути ин ҳифз кардани мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои таърихӣ, ба ҳунармандӣ ҷалб кардани аҳолии бекор, бахусус, ҷавонон, бонувон ва оилаҳои камбизоат имзо гардид, корҳо дар ин самтҳо вусъат ёфтанд. Кулолӣ низ яке аз соҳаҳои ҳунармандӣ буда, дар Самарқанди бостонӣ чун мактаби санъати амалии халқӣ ҳифз гардидааст. Дар ин самт сулолаи Бобомуродовҳо анъанаҳои гузаштагони худро сарбаландона идома медиҳанд.
Ҳунарпеша офарандаи зебоист
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ!
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Меҳроҷ дар синфи ибтидоӣ таҳсил мегирифт. Бо дамидани сабза се-­чор сар гӯсфандашро назди харобаҳои Афросиёб чаронда мегашт. Рӯзе чанд порча зарфҳои сафолини шикастаро ёфту ба хона овард ва ба падараш гуфт:
– Дада, бинед аз зери замин чиҳо баромад.
Қиблагоҳаш Илҳом Бобомуродов бозёфти писарашро ба даст гирифту бодиққат тагурӯ кард, ба он ангушт зад ва сипас ба ҷигаргӯшаи худ фаҳмонд, ки сафолпораҳо нишонае аз амали халқи қадимаи мо мебошад.

Рӯзи дигар Меҳроҷ пас аз дарс ба устохонаи падар рафт. Илҳомамак бо дастони моҳир кӯза месохт. Чархи дастгоҳ аҷиб давр зада, лой ба зарф табдил меёфт.
– Ба ту ҳам ёд диҳам? – ба касби ӯ мароқ пайдо кардани писарашро мушоҳидакунон пурсид Илҳомамак. Меҳроҷ тасдиқомез сар ҷунбонд. Онҳо ҷойи худро иваз намуданд. Як чангол лой бо кӯмаку маслиҳати падар ба пиёла табдил гардид. Маҳсулоти тайёр аз шафати кӯза ва табақҳои бешумор ҷой гирифт. Акнун Меҳроҷ рӯзҳои истироҳат вақти худро дар устохонаи падар гузаронида сирру асрори касби падарро меомӯхт.
Инак, солҳо гузашта, ҳоло Меҳроҷ Бобомуродов худ ҳунарманди соҳибэҳтиром аст. Бо маҳсулоти худ дар анҷуманҳои байналхалқӣ иштирок карда, соҳиби ҷоиза ва мукофотҳо гардид. Асарҳои ӯ дар Хитой, Русия, Амрико, Япония, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Туркия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳоло Меҳроҷ ҳамроҳи падараш Илҳомамак дар маҳаллаи Конигил мактаби «Кулолони ҷавон»-ро ташкил кардаанд, ки қариб 30 нафар писаракону духтаракон сирру асрори ин ҳунари қадимаро меомӯзанд. Аз шӯҳрати мактаби кулолони Самарқанд хориҷиён низ огоҳӣ ёфта, ба устохона зуд-­зуд ташриф меоваранд.
Чанде пеш аз Туркия кулол Афсона Меҳмет Йилдирим омада бо таҷрибаи устоҳои мӯъҷизакори Самарқанд шинос шуд. Профессори ҷопонӣ хонум Вакита Монитока бошад, худ ба шогирдони мактаби кулолӣ дарси маҳорат гузашт.
– Барои ҳунаромӯзӣ забон аҳамият надош­тааст, – бо завқ гуфт Меҳроҷ Илҳомович. – Ҳаракати панҷаҳо ва нигоҳ кифоя буд, ки аз матлаби якдигар огоҳ шавем. Меҳмони олиқадри мо Вакита Монитока зани рамузфаҳм, дарёдил ва кушодачеҳра буда, бо шогирдони мактаби мо чунон унс гирифт, ки як умр дар хотир хоҳад монд. Вай моро ба кишвари худ – мамлакати офтоббаро таклиф кард, ки бо хушнудӣ қабул намудем. Аз ҳама муҳимаш, ташрифи хориҷиён ба ҳунармандони ҷавону умедбахши мо руҳи тоза мебахшад. Шумораи шогирдон афзуда, онҳо бо қуввату ғайрати бештар асарҳои нав ба нав меофаранд.

Ҳунар –давлати поянда

Имрӯзҳо ҳунармандӣ ба қисми ҷудонопазири соҳаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Шаҳомати ёдгориҳои меъмории Самарқанди бостонӣ, маҳсулотҳои ба намоиш ва фурӯш гузошта шудаи ҳунармандон эътибори меҳмонону мезбононро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Сайёҳон ба тайёр кардани маҳсулотҳои кулолӣ низ мароқ пайдо намуда, ба деҳаи Конигил, саҳеҳтараш ба устохонаи Меҳроҷ Бобомуродов меоянд.
Чанде пеш мо низ ба мактаби кулолони Самарқанд ташриф фармудем. Меҳроҷ, ки марди болоқади кушодачеҳраи гандумранг аст, саргарми сохтани кӯза буд. Падараш маҳсулоти тайёрро ба сӯе мегирифт. Ва сӯҳбати мо дар атрофи ин касб бо Илҳомамак ҷараён гирифт.
– Дар Самарқанд мактаби кулолиро раҳматӣ Умар Ҷӯрақулов (1894-1973) ташкил карданд, – гуфт Илҳом Бобомуродов. – Ман дар назди яке аз шогирдони устод-Мансур Собиров асрори кулолиро омӯхтам. Ҳоло писарам Меҳроҷ анъанаи моро идома медиҳад. Набераҳоям Темуршоҳ ва Муҳаммадамин аз лой чизе офариданӣ мешаванд, ки ин кори онҳо идомаи анъанаи неки гузаштагон аст. Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз аз тамоми вилоятҳои кишвар мақсади ба устохонаи мо ташриф овардани меҳмон оммавӣ гардондани ҳунармандӣ, нигоҳ доштани анъана, кашфиётҳои нав дар ин соҳа ва бештар ривоҷ додани фаъолияти мактабҳои кулолӣ мебошад.
Собири БУРҲОН,
муҳаррири бахши тоҷикии ширкати садо ва симои вилоят,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, рӯзноманигор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ