«Ман ба занҳо бовар мекунам» гуфтани Президентамон ба мо қувваю ғайрати бузург бахшид

«Ман ба занҳо бовар мекунам» гуфтани Президентамон ба мо қувваю ғайрати бузург бахшид


Солҳои охир ман чун роҳбари шӯъбаи вилоятии иттиҳодияи «Олима» гувоҳи он шудам, ки барои машғули илм шудани занҳо дар ин соҳа лоиҳаҳои бисёр таҳия ва амалӣ мешаванд.
Вақте ки дар толори тантанаҳо табрикномаи Президегтамонро ба муносибати Иди байналхалқии занон – 8-март ба зан-­духтарони Ӯзбекистон мешунидам, амин шудам, ки на танҳо олимаҳо, балки намояндагони ҷинси латиф сарфи назар аз он, ки дар кадом соҳаи ҷамъият хизмат ва кор мекунанд, ба сабук кардани фаъолияти онҳо кӯшиш карда мешавад ва занҳо ҳамеша дар эътибори давлат мебошанд.
Президентамон занҳоро бо ид табрик карда, гуфтанд, ки эҳтимол баъзеҳо ба занҳо бовар накунанд, вале ман ба онҳо бовар мекунам ва боварӣ дорам, ки занҳо аз ӯҳдаи ба дараҷаи аъло иҷро кардани вазифаҳои пурмас­ъулият низ мебароянд. Ин фикр ҳар як занеро, ки дар толор менишаст, ба ваҷд овард. Вақте ки сухан дар бораи олимаҳо рафт, профессори Донишгоҳи Колумбияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро алоҳида қайд карданашон барои ҳамаамон ибрат шуд.
Баъди иштирок дар анҷуман аз он хулоса бароварда, бароям як қатор нақшаҳоро муайян кардам.
Дар навбати аввал дастгирии олимаҳо, ба таври доимӣ қобилияташонро омӯхта, сохтори ба онҳо пайваста ёрӣ расониданро бояд ба роҳ монд. Зиёда аз ин, азбаски худам мактаби таълими умумии хусусӣ ташкил кардаам, дар ин самт корҳои васеъмиқёс­ро амалӣ карда, ташкил намудани кластери таълимиеро, ки аз ташкилоти таълими томактабӣ оғоз меёбад, ба нақша гирифтам. Чанд сол боз дар самти туризм тадқиқотҳои илмӣ мебарам. Дар натиҷаи ин ҷустуҷӯйҳо мехоҳам кластери сайёҳии Миронқул агроэкоро ташкил кунам. Баъди шунидани нутқи Президентамон аз пойтахти мамлакатамон барои иҷрои бо шуҷоати ин вазифаҳо бо қувваи ғайрати калон ва иштиёқи бузург баргаштам.
Дилбар АСЛОНОВА,
проректори Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд, соҳиби ордени «Соғлом авлод учун».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ