Шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 4 нафар расид


Ду фарзанди бемори нахустини коронавирус дар Ӯзбекистон, ҳамчунин, як шаҳрванде, ки аз Туркия бозгашт, мубталои коронавирус мебошанд. Бо ин ҳол шумори мубталоёни COVID-19 дар кишвар ба 4 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки нахустин бемор рӯзи 11 март аз Фаронса ба Ӯзбекистон баргашта буд. бемории ӯ рӯзи 15 март мушаххас шуд. Аҳли хонаводаи ӯ низ дар озмоишгоҳи пажӯҳишгоҳи вирусологияи ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешуданд.
Бино ба хабари вазорати тандурустӣ, натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки писару духтари бемори нахустин низ мубталои вирус ҳастанд.
Ҳамчунин, як шаҳрванд, ки рӯзи 15 март, соъати 05.15 аз Истанбул ба Тошканд баргашта буд, мубталои коронавирус мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ