Президенти Бразилия мубталои коронавирус шуд

Президенти Бразилия мубталои коронавирус шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару мубталои вируси навъи 2019-nCoV шудааст, хабар медиҳад портали Jornal O DIA.
Гуфта мешавад, ки Болсанару аз ташхиси коронавируси навъи 2019-nCoV гузаштааст.
Қайд мешавад, ки нахустин ҷавоби ташхис мусбат баромадааст.
Бино ба гузориши оҷонсии хабарӣ, президенти Бразилия Жаир Мессиас Болсонару ҳафтае боз таҳти назорати пизишкон қарор дошт.
Гуфта мешавад, ки замони сафари президент ба ИМА яке аз вакилони бразилӣ, ки ба ҳайати ҳамсафарони кишвардор шомил буд, мубталои «вируси тоҷдор» будааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ