Дар Қазоқистон барои як моҳ вазъияти фавқуллода эълон карда шуд

Дар Қазоқистон барои як моҳ вазъияти фавқуллода эълон карда шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҳудуди Қазоқистон ба далели паҳншавии коронавирус вазъияти фавқуллода эълом гардид. Дар ин бора дар хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дода мешавад.
Қарори мазкурро раисиҷумҳури Қазоқистон Тоқаев, рӯзи 15-уми март имзо кардааст.
Чунин вазъият як моҳ аз 15-уми март то 16-уми март дар ҳудуди Қазоқистон ҷорӣ шудааст.
«Дар робита ба аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом шудани вируси COVID-19 чун пандемия бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон мувофиқи қонунгузории Қазоқистон дар ҳудуди кишвар аз соати 08.00-и 16-уми марти соли 2020 то соати 07.00-и 15-уми апрели соли 2020 вазъияти фавқуллода эълом шуд», — омадааст дар қарор.
Тоқаев ҳамчунин барои созмони Комиссия оиди таъмини вазъияти фавқуллода фармон баровардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ