Бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби футболи Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор намешавад


Бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 31 март пешбинӣ гардида буд, баргузор намешавад.
Тавре Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) тасмим гирифт, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус, баргузории бозиро бекор мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бозиҳои моҳҳои март ва июни марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо иштироки тимҳои қораи Осиё бинобар сабаби вазъи экологии вобаста ба хуруҷ ва паҳншавии коронавирус ба муҳлатҳои дертар мавқуф гузошта шуданд.
Дар бораи санаҳои нави баргузории вохӯриҳо дертар хабар дода мешавад. Зикр мегардад, ки федератсияҳои футбол бо розигии тарафайн ва бо шарти риояи тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ва пешакӣ мувофиқа шудан аз ҷониби ФИФА ва КФО бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро гузаронида метавонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ