Автовокзали Тошканд фаъолияти шаборӯзиро оғоз кард

Автовокзали Тошканд фаъолияти шаборӯзиро оғоз кард


Автовокзали Тошканд дар чорчӯби иқдоми пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус фаъолияти шаборӯзиро оғоз кард.
Вазорати ҳамлу нақл эълон кард, ки ҳаракати автобусҳо аз Тошканд ба дигар шаҳрҳо афзоиш меёбад.
Ҳукумати кишвар аз 16 март дар кулли муассисаҳои таълимӣ таҳсилро таваққуф кард. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, вазорати ҳамлу нақл барои таъмини бозгашти донишҷӯён ба хонаҳои худ тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Ба хусус, ширкати «Uzautotrans service» ҳаракати автобусҳоро афзоиш дод ва аз имрӯз дар як шаборӯз тақрибан ба 4 ҳазор нафар мусофир хидматрасонӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз 16 март бо кишварҳои хориҷи иртибототи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳоҳаниро қатъ кард.
Дар кулли муассисаҳои таҳсилотӣ таътил эълон шуд. Барои донишҷӯёне, ки аз Тошканд ба вилоятҳои худ бармегарданд, барои хариди билет тахфифи 50 дарсадӣ ҷорӣ шуд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ