Дар Қирғизистон назорати давлатии нархи орд ҷорӣ мегардад

Дар Қирғизистон назорати давлатии нархи орд ҷорӣ мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад танзими давлатии нархи ордро ҷорӣ кунад. Дар ин бора Эркин Асрандиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи кумитаи порлумонии будҷа ва молияи ин кишвар эълон кард.
Бино ба хабари 24.kg,
Ба гуфтаи Асрандиев, дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон назорати содироту воридоти орд тақвият хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15 март дар минтақаҳои гуногуни Қирғизистон нархи орд ба сурати маснӯъӣ афзоиш ёфт. Дар ин маврид 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Худи Муҳаммадқалий Абилгазиев, нахуствазири Қирғизистон барои шиносоӣ бо вазъият аз бозорҳову фурӯшгоҳҳои кишвар боздид кард.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ