Корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон омода ҳастанд, ки истеҳсоли рӯзонаи ниқобҳои тиббиро то 2 миллион дона афзоиш диҳанд. Дар ин бора “Ӯзтекстилпром” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар оғози март дар як рӯз беш аз 500 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мешуд.
Ҳоло корхонаҳо омодаанд, ки истеҳсоли онро якбора то 1 миллион боло баранд ва дар оянда то 2 миллион ва бештар аз он истеҳсол кунанд.
