Фатвои Шӯрои уламои Идораи мусалмонон дар бобати COVID-19 Имрӯз сойти qalampir.uz дар бораи фатвои қабулшудаи Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бобати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус хабар дод.

Фатвои Шӯрои уламои Идораи мусалмонон дар бобати COVID-19 Имрӯз сойти qalampir.uz дар бораи фатвои қабулшудаи Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бобати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус хабар дод.


Бар асоси фатвои Шӯрои уламо:
1.Намозгузорон то барқароршавии вазъияти эпидемиологӣ дар кишвар ба ҷои намози ҷумъа дар хона намози пешинро гузоранд. Ҳамчунин, панҷ вақт намози худро низ дар хонаи худ бигузоранд.

  1. Намозҳои ҷаноза бо ширкати хешовандони наздики марҳум дар хонаҳо гузошта шавад.
  2. Барои ёдоварии вақти намоз азон дар масҷидҳо дар вақти худ хонда шавад.
  3. Мӯъмину мусалмонон то ҳадди имкон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии беморӣ саҳмгузор бошанд.
  4. Ҳар як мусалмон ҳангоми ибодат ва дуо аз Оллоҳ бо ихлосу илтиҷо дафъи бемориро дархост кунад.
  5. Дини мо, ки ба покӣ мефармояд, риъояти ҳатмӣ ба пешниҳодҳои вазорати ҳифзи тандурустӣ дар бораи пешгирӣ аз беморӣ вазифаи ҳар як мусалмон аст.
  6. Бар асоси пешниҳодҳои вазорати тандурустӣ дар муддати карантин дар масҷидҳо ва таҳоратхонаҳо корҳои муназзами зиддиуфунӣ (дезинфексия) баргузор гардад.
  7. Дар чунин вазъият афзоиш додани нархи хӯрокворӣ, доруҳо ва дигар маҳсулоти зарурӣ, ҳосил кардани камбудии маҳсулот ба сурати маснӯъӣ ва паҳн кардани хабарҳои ваҳмнок дар миёни мардум шаръан ҳаром аст.
    Ин фатво бар асоси фатво ва хулосаҳои созмонҳои бузурги исломӣ ва уламои дигар кишварҳои мусалмоннишин, ки бо пандемияи COVID-19 рӯбарӯ шудаанд, қабул гардид.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ