Дар Қирғизистон барои пешгирӣ аз коронавирус карантини 21 рӯза эълон карда шуд


Шурои амнияти Қирғизистон барои пешгирӣ аз коронавирус карантини 21 рӯза дар ин кишвар эълом кард
Тавре мақомоти Қирғизистон эълон намудааст, карантин дар ин кишвар аз 16-уми март оғоз шуда, то 6-уми апрели соли равон идома хоҳад ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Тибқи иттилои манбаъ, мактабҳо ва донишгоҳҳои Қирғизистон низ таътил шудаанд ва давлат тавсия кардааст, то кӯдакон низ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус дар хонаҳои худ бимонанд.
Ҳамчунин сафарҳои кории мақомоти расмӣ мамнӯъ шудааст.
Сооронбой Жеэнбеков, раисиҷумуҳри Қирғизистон дар Нишасти Шурои амнияти ин кишвар гуфт, ин раванд ба далели нигарониҳои умумӣ дар бораи ин беморӣ бисёр табиӣ аст.
Илова бар ин Комиссиони марказии интихоботи Қирғизистон аз эҳтимоли ба ақиб афтодани баргузории интихоботи шуроҳҳои шаҳри ин кишвар хабар дод.
Қарор буд интихоботи шуроҳҳои шаҳри Қирғизистон 12-уми апрел баргузор шавад.
Ситоди марказии пешгирӣ аз густариши коронавирус дар Қирғизистон назорат бар симатҳои сарҳадӣ, фурудгоҳҳои байналмиллалӣ, бозорҳои дохилӣ ва бемористонҳоро ташдид кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ