Русия аз 18-уми март то 1-уми май сарҳадашро мебандад

Русия аз 18-уми март то 1-уми май сарҳадашро мебандад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар ин робита сарвазири Русия Михаил Мишустин бо сарвазирони Ӯзбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Тавре дар торнамои ҳукумати Русия хабар дода мешавад, Михаил Мишустин сарвазирони ин кишварҳоро огоҳ кард, ки барои таъмини амнияти давлат, ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии коронавирус, ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, аз 18-уми март то 1-уми май вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш муваққатан манъ мекунад.
Зикр шудааст, ки маҳдуд шудани вуруд ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарӣ дар Русия, ронандагони мошинҳои боркаши байнулмилалӣ, ҳайати масъули қатораҳои роҳи оҳани байнулмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, аъзои ҳайатҳои расмӣ, шахсони дорои раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ ва одии хусусӣ, ки бо сабаби марги хешони наздик дода шудаанд, шахсоне, ки доимӣ дар қаламрави Русия иқомат доранд, ҳамчунин шахсоне, ки тариқи транзити ҳавоӣ сафарро ихтиёр кардаанд, дахл нахоҳад дошт.
Зимни суҳбатҳои телефонӣ Михаил Мишустин таъкид доштааст, ки тадбирҳои аз ҷониби Русия роҳандозишуда ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ буда, бо назардошти вазъи махсус қабул ва муваққатӣ мебошанд.
Сарвазирони кишварҳо ба тавофуқ расидаанд, ки доир ба масоили хатари минбаъдаи паҳншавии коронавирус доимо дар тамос хоҳанд буд. Зимни суҳбат дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ