Иттиҳоди Аврупо ҷамъомади фаврӣ оид ба коронавирусро ба тарзи видеоконференсия баргузор менамояд

Иттиҳоди Аврупо ҷамъомади фаврӣ оид ба коронавирусро ба тарзи видеоконференсия баргузор менамояд
  • Post category:Ҷаҳон


Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе, 17 март ҷаласаи фаврӣ доир менамояд, то чораҳои муқовимат алайҳи коронавирусро дар шакли видеоконференсия баррасӣ намояд. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Twitter навиштааст. Ӯ сараввал, 16 март даъват намудани саммитро эълон намуд, вале баъдан твиттерро ислоҳ кард.
«Ман тасмим гирифтам, ки рӯзи сешанбе, 17 март нишасти Шӯрои Аврупоро (Шӯрои сарони давлатҳо ва ҳукумати ИА, эзоҳи ТАСС) оид ба вазъи коронавирус тариқи видеоконференсия баргузор намоям. Мо тадбирҳоро барои маҳдуд сохтани паҳншавии ин беморӣ, таҳвили буҳронии лавозимоти тиббӣ, тавсеаи таҳқиқот ва то ҳадди имкон кам кардани зарари иқтисодӣ баррасӣ хоҳем кард»,- гуфт ӯ, хабар медиҳад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ