Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов: ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода шавад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов: ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода шавад
  • Post category:Ҷаҳон


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар яке аз гуфтугӯҳо дар бораи коронавирус тавсия дод, ки ҳазориспанд ҳамчун василаи пешгирӣ аз вируси нав истифода шавад. Дар ин бора хабаргузории Сентрал Азия хабар медиҳад.
Баъди ин тавсияи президент дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Туркманистон маъракаи дуд кардани ҳазориспанд шуруъ шуд.
«Дар тамоми муассисаҳо дуд мекунанд. Ҳар рӯз ин корро анҷом медиҳанд. Субҳ, рӯзона ё шом, ду маротиба дар рӯз», — гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.
Президенти Туркманистон 13-уми март гуфт, ки ҳазориспанд давои «чандин дард аст».
Ба иттилои расонаҳо, мақомоти Туркманистон борҳо ба сокинон тавсия додаанд, ки барои дармон ёфтан аз бемориҳои гуногун ҳазориспанд истифода кунанд.
Мақомоти расмии Туркманистон расидани вируси навро ба ин кишвар тасдиқ намекунанд, аммо ҳанӯз 3-юми март расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳадди ақал ду сокини кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Туркманистон нуқтаҳои карантин ташкил шуда, шумори нафароне, ки ба ин нуқтаҳо фиристода мешавад, ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ