Адади мубталоёни коронавирус дар мамлакат ба 13 нафар расид

Адади мубталоёни коронавирус дар мамлакат ба 13 нафар расид


Дар мамлакат адади мубталоёни бемории сироятии коронавирус ба 13 нафар расид.
Бар хабари Вазорати ҳифзи тандурустии кишвар ин беморӣ боз дар як нафар шаҳрванди мамлакат, ки аз Истамбул баргаштааст ва шавҳари як нафар шаҳрвандамон, ки аз Лондон омада буд, аниқ карда шуд. ҳар ду шаҳрванд зери назорати қатъии тиббӣ қарор доштанд.
То рӯзи 17 — уми март дар ин кишвар 11 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардида буд.
Ҳоло аҳволи беморон хуб аст. Аз тарафи шифокорон корҳои табобатӣ давом дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ