Фаъолияти корхонаи давлатии «Маркази табъу нашри илмию методии «O’gituvchi» қатъ мегардад

Фаъолияти корхонаи давлатии «Маркази табъу нашри илмию методии «O’gituvchi» қатъ мегардад


Дар ҷумҳурӣ оид ба такмил додани низоми дастгирии соҳаи ноширӣ ва матбаа, рушди бозори маводи чопӣ корҳои васеъмиқёс ва низомнок гузаронда мешаванд.
Ҳамзамон, вазъи кунунии соҳаи ноширӣ ва матбаа пурзӯр гардондани рақобатро байни ташкилотҳои ноширӣ ва матбаа, пешгирии вайронкунии ҳуқуқи муаллиф, маҳдуд кардани нашри маҳсулоти пастсифат, аз нав дида баромадани нашри китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимию методиро тақозо дорад.
Бо мақсади якбора коҳиш додани дахолати давлат, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ дар соҳаи ноширӣ ва матбаа, таъминоти китобҳои дарсии баландсифат ва маводҳои таълимиву услубӣ барои муассисаҳои таълимӣ қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаи ноширӣ ва матбаа» қабул гардид.
Дар асоси қарор фаъолияти корхонаи давлатии «Маркази табъу нашри илмию методии «O’gituvchi», инчунин нашриётҳои системаи воҳидҳои ҳудудии Агентӣ (ба истиснои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон) қатъ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ