Аз 1-уми январи соли 2021 маблағи ҷудошуда ба фонди «Ижод»-и назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бекор карда мешавад

Аз 1-уми январи соли 2021 маблағи ҷудошуда ба фонди «Ижод»-и назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бекор карда мешавад


Бо мақсади якбора коҳиш додани дахолати давлат, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ дар соҳаи ноширӣ ва матбаа, таъминоти китобҳои дарсии баландсифат ва маводҳои таълимиву услубӣ барои муассисаҳои таълимӣ қарори сарвари давлат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаи ноширӣ ва матбаа» имзо гардида. Мувофиқи қарор аз 1 январи соли 2021 маблағи ҷудошуда ба фонди «Ижод»-и назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо пули савдо, ки аз фурӯши маводи чопии корхонаҳои табъу нашр ва матбаа, инчунин пешниҳоди хидматҳои таҳрирӣ, ноширӣ ва матбаа вобаста ба истеҳсол ва фурӯши маводи чопӣ мерасанд, бекор карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ