Дар Қирғизистон се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аниқ карда шуд

Дар Қирғизистон се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аниқ карда шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Қирғизистон се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аниқ карда шуд. Дар ин бораи вазири Вазорати тандурустии Қирғизистон Космосбек Чолпонбоев маълум кард, хабар медиҳад РИА новости.
“Се нафар бемор аниқ карда шуд. ҳамаи онҳо дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод зиндагӣ мекунанд”, мегӯяд вазир.
Назар ба маълумоти вазир гирифторони беморӣ ба қарибӣ аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд. Боз дар ҳафт нафар шаҳрвандоне, ки дар ҳамин самолёт парвоз кардаанд, сирояти беморӣ тахмин карда мешавад. Дар рейс ҷамъ 135 нафар мусофир будааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ