Г. Каримова 13 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд

Г. Каримова 13 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд


Имрӯз, 18-уми марти соли 2020, дар Суди ҷиноии шаҳри Тошканд ҷараёни суд нисбати Г. Каримова ва аъзоёни ҷамоаи ҷинояткории ӯ ба итмом расид ва ҳукм эълон шуд. Дар ин бора, хизмати ахбори Суди Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хабар дод.
Дар мурофиаи пӯшидаи судӣ суханҳои айбдоршавандагон, гувоҳҳо, ҷабрдидагон шунида шуд, далелҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва далелҳои судшавандагон муҳокима карда шуд.
Суд маводҳои кори ҷиноиро ҳамаҷониба омӯхта, муайян кард, ки ҷавобгар Г. Каримова дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ, азхуд кардани маблағҳо ва ҷиноятҳои дигар гунаҳкор дониста шуд.
Бо ҳукми суд Г. Каримова ба 13 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ ва бо назардошти ҷазо барои якчанд ҷиноятҳои дигар аз 21 -уми августи соли 2015 муқарар карда мешавад.
Ба ҷиноятчиёни боқимонда низ аз рӯйи қонун ҷазо таъин гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ