То имрӯз ҳеҷ доруе бар зидди коронавирус ихтироъ нашудааст

То имрӯз ҳеҷ доруе бар зидди коронавирус ихтироъ нашудааст

  • Post category:Саломатӣ


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид доштааст, дар ҳисоби “Твиттер”-и худ эълом кард, бархе аз афроди машкук ба олудагӣ ба коронавирус ин рӯзҳо бидуни муроҷиа ба пизишк аз баъзе доруҳо барои дармони худ истифода мекунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
Ин созмон таъкид доштааст, ки то кунун ҳеҷ доруе бар зидди коронавирус вуҷуд надорад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин ба афроди машкук ба коронавирус тавсия додааст, ки аз истифодаи антибиотикҳо ва бархе доруҳое, ки барои дармони зуком истифода мешавад, худдорӣ намоянд.
Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қайд намуданд, ки бемории коронавирус бадтарин буҳрони саломатӣ дар ҷаҳон аст, ки шумори куштаҳо ва мубталоёни он дар ҷаҳон аз омори сабтшуда дар Чин пуршумортар хоҳад буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ