Дар шаҳри Маскав аввалин бемории сироятии коронавирус вафот кард

Дар шаҳри Маскав аввалин бемории сироятии коронавирус вафот кард
  • Post category:Ҷаҳон


Нахустин қурбонии маризии коронавирус дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба ин маризӣ.
Ба иттилои ситоди мазкур, марҳум нафақахӯри 79 — сола будааст.
Пизишкони мегӯянд, ки пиразан аз чандин бемориҳои музмин ранҷ кашидааст.
Хабар дода мешавад, ки зани бемор рӯзи 13 — уми март ба беморхона бистарӣ карда шуда ва сипас ӯро ба Беморхонаи касалиҳои сипроятии №2 дар шаҳри Маскав интиқол доданд. Дар беморхонаи мазкур ташхиси бемор аз коронавирус мусбат баромадаст.
«Беморро аз дигар маризон ҷудо намуда ба табобати ӯро шурӯъ карданд, аммо норасоии нафаскашӣ дар ӯ шиддат гирифт», — гуфта мешавад дар хабар.
Ба гуфтаи табибон, иллати марги ӯ илтиҳоби шуш будааст. Марҳум ҳамзамон аз чанд бемории дигар ранҷ мекашидаст
Ҳоло доираи шахсоне, ки бемор бо онҳо тамос гирифтааст, аллакай муайян гардидаанд ва табибон онҳоро зери назорати шадид қарор додаанд.
Гуфта мешавад, то ба ҳол ҳеҷ яке аз онҳо нишонаҳои шадиди ин бемориро надоранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ