Олимони Чин ҷои заъфи коронавирусро ёфтанд

Олимони Чин ҷои заъфи коронавирусро ёфтанд
  • Post category:Саломатӣ


Олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҶМЧ) роҳи нави ба ҳуҷайраҳои организми инсон ворид шудани коронавируси SARS-CoV-2-ро кафш намуданд. Аз нуқтаи назари коршиносон, ин кашфиёт ҷои заъфи вирусро аён намуда, метавонад ба рушди давоҳои муассир мусоидат намояд. Натиҷаҳои пешакӣ бо корҳои тадқиқотӣ дар bioRxiv дастраси омма гардиданд, хабар медиҳад рӯзномаи «Московский комсомолец».
Мутахассисон ба хулосае омаданд, ки SARS-CoV-2 ба воситаи CD14, ки он дар нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда ҷойгир аст, ба ҳуҷайраҳои бадани инсон ворид мешавад. Тадқиқоти зиддивирусӣ дар шишаи меъёр нишон доданд, ки меплазумаб (доруе, ки дар асоси моддаҳои ҷисми бегона) тартиб ёфтааст, монеи воридшавии вирусҳо ба ҳуҷайраи инсон ба таври назаррас мешавад. Вирус бо истифодаи сафедаи худи инсон SP ба ҳуҷайраҳо мепайвандад, ки ин ҳангоми тадқиқоти микроскопӣ тасдиқ шудааст.
Қаблан, сухангӯи СУТ Кристиан Линдмайер маслиҳат дод, ки чун воситаи мубориза бо COVID-19 парасетамол истеъмол намоем. Ин дар ҳолест, ки истеъмоли ибупрофен ва доруҳои дар таркибашон ибупрофендошта дар табобати коронавирус метавонанд хавфнок бошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ