Паҳнкунандагони хабарҳои беасос аниқ карда шуданд

Паҳнкунандагони хабарҳои беасос аниқ карда шуданд


Дар Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон барои аниқ кардан ва пешгирии ҳаракатҳое, ки боиси воҳимаи аҳолӣ гардида, осоиштагии шаҳрвандонро халалдор месозад, фаъолияти гурӯҳи корӣ ба роҳ монда шудааст.
33-то аккаунт, ки доир ба коронавирус хабарҳои нодуруст, маълумоти беасос паҳн менамоянд, аниқ карда шуданд, маълум намуд котиби матбуоти вазири корҳои дохилӣ Шоҳрух Ғиёсов.
Аз онҳо 25-тоаш ба истифодабарандагони хориҷӣ, 8-тоаш ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дахл дорад. Ҳоло шахсияти онҳо маълум намуда, корҳои пурсуҷӯйи пеш аз тафтиш идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ