Эҳтиром ба адиб ва рӯзноманогори 70 — сола

Эҳтиром ба адиб ва рӯзноманогори 70 — сола

  • Post category:Фарҳанг


Имрӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба 70 – солагии нависанда ва рӯзноманигори пуртаҷриба, мухбири рӯзномаи ҷумҳурии “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд, мухбири фаъоли ҷамоатии рӯзномаҳои вилоятии Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода тадбир барпо гардид. Соҳибҷашнро бо ҷашни 70 — солагӣ раиси шӯъбаи самарқандии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, шоир ва муҳаррир Нормурод Каримзода, ҳамкасбон ва журналистони рӯзномаҳои вилоятӣ табрику таҳният намуданд.
-Зоҳир Ҳасанзода аз журналистони маъруфи вилоят мебошад. Зиёда аз 50 сол бо хизмати ҳалолаш дар роҳи ривоҷи матбуоти Самарқанд ҳиссаи калон ҳамроҳ карда меояд. 70 –солагӣ ба Шумо муборак бод! – гуфт зимни табриккунӣ Б. Раҳмонов.
Ҳамкасбон соҳибҷашнро самимона табрик намуда, солимӣ ва барори кор талабиданд. Ба ӯ ҷомаву тоқӣ пӯшонданд.
Зоҳир Ҳасанзода барои табрик ташаккур изҳор намуда, мухтасар оиди орзуҳои наврасӣ, ҳавас ба касби рӯзноманигорӣ, нозукиҳои ин соҳа, ёфтани обрӯву нуфуз аз пайи ин касб ва ғайра ҳарф зад. Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ