Мирзо Ихтиёров: Барномаҳои нав байни мухлисон маҳбубият пайдо мекунад

Мирзо Ихтиёров: Барномаҳои нав байни мухлисон маҳбубият пайдо мекунад

Ҳоло зиндагии одамонро бе «оинаи нилгун» тасаввур кардан душвор аст. Бинобар ҳамин, ҳар рӯз дар рӯи дунё миллиардҳо мардум барои аз воқеа – ҳодисаҳои ҷаҳон огоҳӣ ёфтан аз барномаҳои телевизион баҳра мебаранд.
Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд (СТР) барои аз навигариҳои вилоят бохабар кардани мардум корҳои ибратбахшро ба фарҷом мерасонанд.
Чанде пеш ҷавони ташаббускору навовар Мирзо Ихтиёров раиси ширкати мазкур таъин гардид, ки бо қадами қатъӣ ва бебокона ҳамкоронро ба руҳи замон ва дар асоси талаби сарвари кишвар пеш мебарад. Сӯҳбати мо бо раиси нав дар ҳамин хусус ҷараён гирифт.
– Мирзоҷон Рустамович, аввало шуморо бо вазифаи нав табрик гуфта, пурсиданӣ ҳастам, ки ҳангоми бори нахуст дар курсии раис нишастан чиро эҳсос намудед?
– Падари бузургворам Рустамбобо, устоди нахустин ва роҳбалади равшанфикрам Абдурашид Абдураҳмонов (илоҳо ҷояш дар ҷаннат шавад!) доимо таъкид мекарданд, ки ҳеҷ як кор бе амри Худо намешавад. – Курсии мансаб – аввало масъулият мебошад, ана баъд шараф. То ман дар ин утоқ бисёр шахсони мӯътабар, фидоӣ, бузург фаъолият бурдаанд. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки мисли онҳо ба халқу Ватан, аз ҷумла мардуми вилоят хизмати шоиста намоям.
Воқеан, ҳаёти имрӯзаро бидуни телевидение тасаввур кардан душвор аст. «Чӣ бояд кард, ки мо ҳамнафаси замон бошем?» бо чунин савол машварати нахустини мо гузашт. Муҳаррир, мухбир, тасвирчиён, ҳатто боғбони оддӣ он чӣ дар дил доштанд, ошкоро гуфтанд. Дар асоси таклифу дархости ҳозирон барномаи муфид таҳия намуда, дар асоси он фаъолият мебарем.
Идораи мо қариб ду сол роҳбар надошт. «Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад. Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» гуфтаанд. Ана, аллакай чанд барномаҳои нав таҳия гардидаанд, ки дар байни мухлисон маҳбубият пайдо мекунад. Аз ҳама муҳимаш, навидҳои вилоят бо калимаҳои «имрӯз», «навакак», «дар ин лаҳзаҳо» ба мавҷи ҳаво паҳн мешаванд. Ин рақобат бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо аст.
– Аз ҳозирҷавобӣ, тезкорӣ ва чолоку чаққон будани мухбирони шумо хабардор ҳастем. Ва бисёр комёбиҳо ба кадрҳо вобаста буданашро ҳам медонем. Баъди раис таъин шудани шумо масъалаи кадрҳо чӣ хел ҳалли худро меёбанд?
– Хушбахтона, дар идораи мо – ходимони соҳибистеъдод, навовар, ташаб­бускор кам нестанд. Ҷонишини аввали раиси ширкат Дилмурод Исматов, муҳаррири калони бахши телевизион Баҳодур Эшбеков, муҳаррири калони бахши радио Эркин Юсуфов, муҳаррири калони бахши тоҷикӣ Собирҷон Бурҳонов, журналистони соҳибтаҷриба Алишер Умедов, Абдурасул Ашӯров, Нодир Ҷӯрақулов, тасвирчиён Абулҳай Ҷалилов, Икром Муродов, Зафар Қӯчқоров, Шерзод Қаҳҳоров, сухандонҳо Азиза Зокирова, Ҳулкар Нурматова, Дилноза Бойниёзова, Умед Бобомуродов, Беҳзод Исмоилов, ходимони техникӣ Фурқат Нарзуллоев, Ҳусниддин Қароев, Ӯрунбой Мусурмонов ва дигарон ба маънои том қаноти мо ҳастанд.
– Шумо хабар доред, ки дар вилояти Самарқанд, тоҷикзабонҳо низ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ташнаи барномаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳар ҳафта барномаи «Чашми дил»-ро бесаброна интизорӣ мекашанд…
– Воқеан, таҳиягари барнома Собири Бурҳон тележурналисти соҳибтаҷриба аст. Албатта дар тӯли ним соат тамоми навидҳои вилоятро ба ҳукми тамошобин ҳавола кардан амри маҳол аст. Мо ният дорем, ки вақти барномаи тоҷикиро зиёд кунем. Умед аст, Собирҷон аз ҳисоби ҷавонони пурлаёқат «команда»-и худро мустаҳкам намуда, ба тамошобинони тоҷик боз бештар барномаҳои шавқоварро пешкаш мекунад.
– Аҷиб, шумо чӣ тавр ба телевизион омадед?
– Устухони ман бо нони деҳқонӣ мус­таҳкам шудааст. Падарам Рустамамак дар хоҷагии ҷамоатӣ сарвари бригада буданд. Мо, фарзандон баъди дарс ва дар таътил бо корҳои деҳқонӣ машғул будем. Соли 2000 мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишкадаи давлатии кишоварзии Самарқанд ҳуҷҷат супурдам, то ҳаётамро бо деҳқонию боғбонӣ вобаста созам. Аммо аз имтиҳонҳои қабул нагузаштам, рӯҳафтода ва бо сад хаёл ба деҳа мерафтам, ки бо хеши наздикамон, адабиётшиноси маъруф, журналист, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдурашид Абдураҳмонов рӯ ба рӯ омадам. Баъди шарҳи воқеа ӯ гуфт, ки чаро бахтамро дар соҳаи адабиёт насанҷам? «Ман ҷиян, аз бисёр китоб хондани ту хабар дорам. Биё, «аз карнайчӣ як пуф» гуфта, ҳуҷҷати худро ба факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд супор».
Сипас, соли дигар аз қиблагоҳам дуо гирифтам ва бо нишондиҳандаи баланд номи донишҷӯйро гирифтам. Пас аз хатми донишгоҳ ҳаёти ман бо Ширкати симо ва садои вилоят вобаста шуд. Аз ходими оддӣ то ба дараҷаи муҳаррири калон расидам. Солҳои 2017-2018 дар Тошканд, дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таҳсил гирифтам. Нону насиба будааст, ки як моҳ боз раиси Ширкати симо ва садои вилоят ҳастам.
– Мирзоҷон, мухлисони рӯзномаро бо нақшаҳои ояндаи худ шинос мекардед…
– Ҳангоми сӯҳбат ба раиси Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон, мӯҳтарам Алишер Ҷӯрақулович Хоҷаев муаммоҳои идораи худро гуфтам. Дар ҳақиқат, аксарияти асбоб-­ускунаҳои мо ҷавобгӯи талаби замон нестанд. Ороиши студия ва камераҳои тасвиргириро дигар кардан зарур, ки ба сифати тасвир ва овоз таъсираш калон аст. Ҳоло дар ҳар як хонадон шудани телевиденияи рақамнок талаби замон мебошад.
Чанде пеш дар ширкати мо қариб 50-60 хел барномаҳо арзи вуҷуд дошт. Ҳоло шумораи онҳо ду маротиба кам гардид. Зеро мақсад – шумора нест, балки сифат ва писанди тамошобинон шудан аст. Барномаи «Ассалом, Самарқанд!» панҷ маротиба ба мавҷи ҳаво пахш мегардад, ки пурмазмун ва ба замона хос аст. Инчунин, барномаҳои «Мулоқоти рӯ ба рӯ», «Сӯҳбати мизи мудаввар», «Минбари тадбиркор», «Аз пайи шикоят» ва ғайра низ мухлисон доранд.
Бояд гуфт, ки замона тағйир меёбад ва мо низ дигаргун шавем. Ин маънои онро дорад, ки ислоҳотро аз худ оғоз кунем.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ