Қиссаи зиндагӣ

Қиссаи зиндагӣ

  • Post category:Фарҳанг

Боре марди дорое чунин нақл кард:- Ман яке аз рӯзҳои баҳор ба назди рамаи шутуронам рафтам. Дидам, ки онҳо саломат ва сер мебошанд. Худ ба худ гуфтам, ки он як шутури маҳбуби худро ба ҳамсояи фақирам, ки худаш танхо 7 духтарро тарбия менамояд, эҳсон кунам. Бо ин мақсад ба назди хонаи ӯ рафта, дари ӯро кубидам. Вақте ки ӯ дарро боз кард, ба ӯ гуфтам:-
Ассалому алайкум..
У ҷавоби саломи маро дод.
Ман:- Илтимос, ҳамин шутурро аз ман хамчун эҳсон қабул кунед.!
Фақир:- Бечора аз хурсандй гиря карда буд ва чизе гуфта наметавонист.
Онҳо шири шутурро истеьмол мекарданд ва ҳезумҳоеро, ки пеш дар пушташ мекашид, акнун бо шутур бор карда меовард.
Марди доро: — Баҳор гузашту тобистони хушк омад. Ман бо 3 писарам ба биёбонҳо ба ҷустуҷӯи обҳои тагизаминй барои шутурону гусфандон баромадем. Як ғоре ёфтем. Писаронамро дар даҳони ғор гузошта, худ барои ёфтани об дохили ғор шудам. Аммо баьди қадре дохили ғор роҳ рафтан, ҷои обро ёфтам, аммо роҳи бозгаштро гум кардам. Писаронам назди даҳони ғор 3 рӯз маро интизор шуданд. Вақте ки ман набаромадам, маро мурд гӯён гумон карда, хамаашон ба сӯи хона рафтанд. Аммо дар асл писарон ҳарчй зудтар мехостанд, хамаи дороии падарро байни худ тақсим намоянд. Ва чунин ҳам карданд. Баьди тақсимот ба ёдашон омад, ки падарашон шутуреро ба ҳамсояи фақираш эҳсон карда буд. Онҳо ба хонаи фақир рафта, он шутурро талаб карданд.
Фақир:- Ин шутурро ман ба шумо намедиҳам, чунки онро падаратон ба ман эҳсон карда буд. Фақат ӯ ҳаққи оиди ин шутур сухан кардан дорад.
Писарон:- Падари мо мурд! Акнун мо ин шутурро мегирем.
Фақир:- Не, ин тавр намешавад. Кй гуфт, ки падаратон мурд?!
Писарон:- Мо худ бо ӯ будем. Се рӯз пеш ба ғори тагизаминие барои ёфтани об даромаду дигар набаромад. Ӯ аниқ онҷо мурдааст.
Фақир:- Ман бовар намекунам. Аммо бигиред ин шутурро, вай дигар ба ман лозим нест. Фақат ба ман он ҷойи падаратон гумшударо нишон дихед!
Писарон марди фақирро ба он ҷо бурда худ баргаштанд.
Марди фақир як банди дароз гирифта миёни худро баст ва як тарафи бандро ба зери санги вазнине гузошт. Нуги чуберо латтапеч намуда оташ зад ва охиста охиста ба даруни ғор даромад. Марди фақир баногох баьди чанде роҳ рафтан, садои нолиши марди дороро шунид. Наздиктар рафта дид, ки ӯ назди макони обе беҳуш хобидааст ва ҳоло намурдааст. Чашмони ӯро баст, то ки нури офтоб ба ӯ зиён надиҳад ва ӯро дар пушташ ба берун баровард. Аз он ҷо ӯро ба хонааш овард.
Вақте ки марди доро сиҳат шуд, хамсояи фақираш аз ӯ пурсид:-
Ту чи хел дар он ғор дар ин чанд рӯз намурда, саломат мондӣ?!
Марди доро:- Вақте ки ман ҷои обро ёфтам, роҳро гум кардам. Баьди чанде ҷустуҷӯбоз ба назди он об омадам. Аммо бо об намешавад гуруснагиро аз худ дур кард. Ман бехол шуда, ба пушт хобидам. Такя ба Худованд ва дуо ба суи ӯ мекардам. Баногох ҳис кардам, ки дар даҳони ман қадре қатра катра шир мерезад. Баьд назди даҳони худ косаи ширро ҳис кардам. Аз он шир мехурдам ва қувват меёфтам. Аммо ду руз пеш он косаи шир гум шуд. Намедонам ҳамаи инро сабабаш чӣ бошад!
Фақир:- Ман ба ту мегуям! Туро мурда гумон карда, писаронат ҳамаи дороиҳоятро тақсим карданд. Ду рӯз пеш онҳо омада, он шутуреро, ки ту ба ман эҳсон карда будй, аз ман гирифтанд. Он шире, ки мехурдй, шире буд, ки шутури эҳсон кардаат медод.
Дар ҳақиқат мусулмонон дар сояи садақоти худ қарор доранд.
Анас ибни Молик аз Паёмбарамон ривоят доранд.
«Аьмоли нек инсонро аз марги баъд ва ҳалокат ҳимоя мекунад. Инсонҳои нек дар ин дунё ва охират дар амонанд»..

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ