АРЗИ СИПОС

АРЗИ СИПОС
  • Post category:Асосӣ

Академик Расулхон Ҳодизода дар китоби «Самарқанднома»-ашон дар бораи таърихи деҳаҳои Равонаку Шӯрбоӣ навиштаанд ва ин деҳаҳо таърихи бой доранд. Чӣ хеле ки калонсолон нақл мекарданд,
мардум пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ ба рӯзномаву маҳаллаҳои ҷумҳуриятиву вилоятӣ обуна мешудаанд.
Худи мо ҳам аз синфҳои 6-7 ба рӯзномаҳои «Ӯзбекистони сурх», «Овози тоҷик»-и имрӯза ва ғайра обуна шуда, мехондем.
Худам гувоҳ ҳастам, дар деҳаамон бо ташаббуси иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Шароф Исломов, дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷалла ташкил карда шуд ва он якчанд сол фаъолият дошт.
Бибию бобоҳоямон, модарҳои пиронсоламон савод надошта бошанд ҳам, лекин шеърҳои Ҳофиз, Саъдӣ,
Рӯдакӣ, Бедил, Навоӣ ва ғайра аз дилашон ҷӯшида мебаромад. Бинобар ҳамин, онҳо маърифату маданияти
воло доштанд, меҳру оқибатро ба ҷо меоранд ва тӯю маъракаҳоро бедабдабаву пурмазмун мегузарониданд.
Афсӯс, ки солҳои охир ба рӯзномаву китобхонӣ эътибор суст шуд. Маърифату маданият коҳиш ёфт
ва аз ҳамин сабаб дабдабабозӣ, фотиҳатӯйҳову шаб нишиниҳои калон, боз якчанд намуди маъракаҳои
нави нодаркору бемаъниро эҷод карданд, чизмониҳои серхароҷот, латтапарастӣ ва ғайра маъмул гардиданд.


Шукри Худо, ки имсол бо ғамхории ҳокими вилоят, ғамхори халқамон Эркинҷон Турдимов ва ташаббуси
муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов 50 нафар мардуми маҳаллаи мо ба рӯзнома бепул обуна шуданд.


– Ман рӯзномаро ба якчанд хонадонҳо тақсим мекунам ва ҳама бо мароқи зиёд онро мехонанд, – мегӯяд собиқадори меҳнат, фаъоли серғайрати маҳалла
Баҳодурхон Толибов. Рӯзнома хеле хонданибоб аст. Аз ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва сармуҳаррири
рӯзнома Баҳодур Раҳмонов миннатдорем. Худо хоҳад,
мисли пештара газетахонӣ боз расм мешавад

Шодмон Амонуллоев,
сокини маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ