Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 495 нафар расид

Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 495 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон


Дар Россия 57 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси COVID-19 ошкор гардид ва шумораи умумии онҳо дар ин давлат ба 495 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти имрӯза, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва мамлакатамон, ки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 79, 55 ва 42 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Арманистон шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 265, дар Молдова ба 125, дар Украина ба 113 ва дар Озарбойҷон ба 87 нафар расид.
Дар Беларус шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, 81 нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи бемороне, ки дар фазои ИДМ шифо ёфтаанд, низ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 22, дар Арманистон – 14, дар Озарбойҷон – 10, дар Молдова — 2 ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.
Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолати фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус ба 74 нафар расида, аз миёни онҳо 1 бемор шифо ёфт ва 1 тани дигар вафот кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 422 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 18,9 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 109 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 13 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 190 давлат ва ҳудуд гузориш медиҳад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (81218), Италия (69176), ИМА (54914), Испания (42058), Германия (32991), Эрон (24811), Франсия (22304), Швейтсария (9877), Кореяи Ҷанубӣ (9137) ва Великобритания (8077) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ