Тоҷикистон бо Қирғизистон сарҳади худро муваққатан баст

Тоҷикистон бо Қирғизистон сарҳади худро муваққатан баст
  • Post category:Ҷаҳон


Бо сабаби эълон гардидани пандемияи коронавируси COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, аз 24-уми марти соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаргоҳҳои сарҳадии худро бо Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ин кишвар ворид мешаванд ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки аз Тоҷикистон берун мешаванд, ронандагони автомобилҳои боркаш, дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои ҳайатҳои ҳукуматӣ татбиқ намегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ